http://www.ozodi2hi3mzwzrdx2x6mobi2lel6sisajmjcpcbokxb3aflirifprryd.onion/z/22610?p=1&aId=31798632
Як манбаи низомии Украина гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир кишвараш ба қадри кофӣ тирҳои қутрашон 155-миллиметрӣ барои тӯпхонаҳо надорад, ки дар ҷабҳаи аввали ҷанг истифода мешаванд. Аз тарафи дигар Доналд Трамп ҳафтаи гузашта ва баъди мулоқот бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, масъалаи ирсоли теъдоди бештари системаи дифои мушакии "Патриот" ба ин кишварро баррасӣ мекунад.